Пахта боигарии асосии кишварамон маҳсуб шуда, солҳои охир ҷиҳати афзун намудани истеҳсолоти он аз ҷониби давлат ва Ҳукумати кишвар ба соҳа таваҷҷуҳи бештар дода мешавад. Таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон фароҳам овард, ки замин соҳиби аслии худро пайдо намояд. Маҳз чунин тадбир кишоварзонро ба замин дубора дилгарм намуд. Ҳоло дар саҳро ҳосил фаровон аст ва бо истифода аз ҳавои мусоиди офтобии тирамоҳӣ саҳмдорнон мекӯшанд, ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи худро сари  вақт ва беталаф ғунучин кунанд.

Бо назардошти ҳамин омил бо дарки масъулият дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода субҳи имрӯз 21 октябри соли 2018 бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Сомон»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо сарварии ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Мӯмин Машокир зиёда аз 60 нафар устодони донишгоҳ, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади кӯмак ба марди деҳқон дар ғунучини пахта озими хоҷагии деҳқонии «Суча»-и ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт шуданд. Онҳо ғайратмандона паҳлӯ ба паҳлӯи саҳмдорон истода дар афзуннамои хирмани пахта кӯмак намуданд.