Субҳи имрӯз аз рӯйи нақшаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба баргузор намудани маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ин навбат дар ташкилоти ибтидоии “Фуруғ” дар назди Маркази саломатии шаҳрии №2-и шаҳри Хуҷанд барпо гардид.

Дар кори маҷлис намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов, аъзоёни ҳизб дар ташкилоти ибтидоӣ иштирок доштанд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Гавҳар Қаҳҳорова маҷлисро ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолият ва бурду бохти яксолаи ташкилоти ибтидоии “Фурӯғ” дар назди ҳозирин маълумот дод ва вазифаҳо дар фаъолияти минбаъдаро пешниҳод кард.

Баъд аз шунидани ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ аъзои фаъоли ҳизб Муҳаббат Ҷӯраева ба музокира баромада, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш ҳисобид.

Сипас, намояндаи кумиҷроияи шаҳрӣ баромад намуда, баён дошт, ки имрӯзҳо дар қаламрави кишвар корҳои омодагӣ ба таҷлили 30-солагии рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки чун ҳизби созандаю бунёдкор ва ҳизби ормонҳои ҳалқ дар ҷомеа мақому манзалати бештар дорад, оғоз гардидааст.

Дар оромиву суботи сиёсии мамлакатамон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизби ормонӣ ва воқеан ҳам мардумӣ нақши калон дорад. Ин ташкилот аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи раиятдӯстонаро пеш гирифта, бо барномаҳои мукаммали худ дар беҳдошти вазъи сиёсӣ, иҷтимоиву маънавии мамлакатамон саҳми босазо гузоштааст. Дар сафҳои он сиёсатмадорони варзида, олимону адибони тавоно ва ниҳоят ҳизбиёни содиқу вафодор сарҷамъ омада, тавассути дониш, малака ва иродаи худ ҳадафҳои стратегии давлатро миёни омма роҳандозӣ мекунанд.

Ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафҳои олӣ, дар асоси банди 1.1, 1.4 ва  4.23 – и  Оинномаи ҲХДТ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳандозии тарғибу ташвиқи ҳадафу нақшаҳои оинномавию барномавии ҳизб, муаррифии шоистаи дастовардҳои он дар замони истиқлолият Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   25  майи соли 2023 ва Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 13 июни соли 2023 ва Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз 14 июни соли 2024 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”  қарор қабул намуда, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.

Аз ин рӯ масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбиро зарур аст, ки вобаста ба масъалаи мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳо корҳои амалиро аз қибили баргузор намудани чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангию оммавӣ, гузаронидани Конференсия, мизҳои мудаввар ва дигар намуди чорабиниҳо ташкил намояд.

Маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул намуд ва бо ҳамин маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии “Фуруғ” хуб арзёбӣ гардида, ба кори худ хотима бахшид.