Конференсияи 27-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Раиси кумиҷроияи шаҳр Маликисломӣ Наим Мунаввар конференсияро ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро бо рӯзномаи он шинос кард. Дар кори конференсия муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Бахтиёр Исматҷонов, муовини раиси шаҳр Фирӯза Нуруллозода ва вакилон аз ҳамаи кумитаҳои ибтидоии иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок доштанд.
Аз рӯи рӯзномаи кори конференсия номзадон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии вилоятии "Бобоҷон Ғафуров" №3 Қосимов Абдураҳмон Нуриддинович директори генералии ҶДММ “САХО” – и шаҳри Гулистон ва аз ҳавзаи интихоботии вилоятии “Камоли Хуҷандӣ” №4 Шарифзода Фирдавс Раиси шаҳри Хуҷанд ба ҷои вакилони хориҷшуда, аз ҳисоби аъзои ҲХДТ пешбарӣ карда шуданд.
Вакилон ин таклифро дастгирӣ намуданд ва оид ба масъалаҳои зикршуда қарорҳои дахдор қабул гардид ва бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори конференсияи 27-уми ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд анҷом ёфт.