Бахшида ба 26-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон   санаи  23-уми феврал бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд якҷоягӣ бо аъзоёни фаъоли ташкилот аксия таҳти унвони “Ҳомиёни далеру шуҷои ватанем” баргузор гардид.

Аз тарафи ҷавонон аксия дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, регистони Панҷшанбе,  майдони ситораҳои  Хуҷанд  баргузор гардида, ҷавонон, сокинон ва роҳгузаронро бо Иди Артиши миллӣ табрик намуда,  зиёда аз 11500 варақаҳои таблиғотӣ-табрикотӣ тақсим намуданд.