Тибқи нақшаи кории Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар толори Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ Хуҷанд-№13, Муинӣ Мавсума Муинзода бо интихобкунандагонбаргузор гардид.

Вохӯриро муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Муҳаббат Ӯрунбоева ҳусни оғоз бахшида, қайд кард, ки санаи 16 июли соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 доир мешавад, аз ин хотир номзади пешбарикардаи Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуда, барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ менамояд.

Шахси боэътимоди номзад Муҳаббат Маҷидзода ва худи номзад дар назди интихобкунандагон баромад намуда, мақсад ва ҳадафҳои барномавии худро манзур намуданд.