Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти ректори Донишгоҳи милии Тоҷикистон академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Чорабиниро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳусни оғоз бахшида, ташрифи ректори донишгоҳ ва ҳайати гуруҳи кориро ба шаҳри Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам гуфт. Ректори ДМТ академик Муҳаммадюсуф Имомзода зимни суханронӣ аз иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии маориф истиқбол намуда, перомуни фаъолияти бонуфузтарин мактаби олии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Мавриди зикр аст, ки ДМТ маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хоса дорад. Дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Донишгоҳ дорои 18 факултет, 114 кафедра, институти илмию тадқиқотӣ, литсейи равияи табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, 112 озмоишгоҳи илмию тадқиқотӣ, 52 синфхонаи компютерӣ, 39 ҳуҷраи лингафонӣ, 10 маркази хизматрасонии таълимӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, осоишгоҳ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад. Дар донишгоҳ 1248 нафар, аз ҷумла 6 нафар Академики АИ ҶТ, 8 нафар узви АИ ҶТ, 151 нафар доктори илм, профессор, 528 нафар номзади илм, дотсент, 121 нафар муаллими калон ва 434 нафар ассистент ба таълиму тарбияи донишҷӯён машғуланд. Ҳамчунин дар ҳузури хатмкунандагон мудири кафедраи филологияи Эрон, профессор Умар Сафар суханронӣ намуда, аз муҳассилин даъват намуд, ки ихтисосҳои беҳтаринро интихоб намуда, сазовори номи баланди донишҷӯ гарданд. Хатмкунандагон ба ректори донишгоҳ саволҳои хешро перомуни вазъи таҳсил дар гуруҳҳои шартномавӣ, ҳолати хобгоҳҳо, муайян намудани холи гузариш, таҳсил бо забони русӣ, робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ва ғайра пешниҳод намуда, посухҳои муфассал гирифтанд. Аз номи омӯзгорон директори МТМУ №8 Муяссархон Салимова ба ректор ва ҳайати гуруҳи корӣ самимона арзи сипос намуд. Ректори ДМТ академик Муҳаммадюсуф Имомзода аз сатҳи баланд баргузор гардидани Корвони Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд ба Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ва аҳли маорифи шаҳр изҳори миннатдорӣ намуд. Дар поёни чорабинӣ нашрияи тарғиботии ДМТ – «Ба қуллаҳои дониш» ва варақаҳои иттилоотӣ перомуни фаъолияти донишгоҳ ба хатмкунандагон дастрас карда шуд.