Дар ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маъракаи ҳисоботӣ-интихоботӣ гузоронида шуда истодааст, ки ин навбат аз тарафи ташкилоти ибтидоии “Ҳақиқат”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд назди ширхоргоҳ – кӯдакистони №38  маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ Обидова Кибриё Юсуповна оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи ташкилоти ибтидоии “Ҳақиқат” дар назди ҳамсафон ҳисобот дод. Баъди шунидани ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ Файзибаева Ҳамида Абдуғаффоровна ба музокира баромада, ҳисоботи фаъолияти ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуд.

 Ҳамчунин дар маҷлис масъалаҳои дигари рӯзнома низ баррасӣ гардида, тибқи овоздиҳӣ ва тарафдории аъзоҳои ташкилоти мазкур раиси  ташкилоти ибтидоии “Ҳақиқат” Обидова Кибриё Юсуповна аз нав интихоб карда шуд.

Раиси  ташкилоти ибтидоии “Ҳақиқат” Обидова Кибриё Юсуповна оид ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, арзишҳои миллӣ, ҷалби ҷавонон ба ватандӯстиву хештаншиносӣ  ва  дигар вазифаҳову масъулиятшиносии ҳар як аъзои ҳизб ибрози андеша намуд.