Имрӯзҳо дар тамоми ташкилоту муассисаҳои хоҷагии халқи кишвар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамовозии ҳамаҷониба пайдо мекунад.

Мардуми шарифи Тоҷикистон Паёмро чун нишондиҳандаи асосии самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ арзёбӣ намуда, онро чун дастурамали ҳидоятӣ сармашқи кору паёкори хеш қарор додаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли ҷомеа нахуст вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷӣ ибрози назар намуда, соли 2022 -ро барои Тоҷикистон дар маҷмӯъ соли бобарор хостанд. Қайд намуданд, ки «Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд».

Ин ва дигар нуктаҳои мубрами Паёми навбатӣ дар мулоқоте, ки дар беморхонаи клиникавии вилояти Суғд бо иштироки аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исомаддинзода Муҳаммад Эргаш ва аъзои гурӯҳи тарѓиботии кумиҷроия, муовини директори Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф Шавкат Рустам баргузор гардид, мавриди шарҳу тавзеҳ ва баррасӣ қарор дода шуд.