Рӯзи гузашта шӯъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и вилояти Суғд дар хобгоҳи №3-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо духтарони хобгоҳи номбурда семинар-машварат дар мавзӯи «Мактаби занони роҳбар» баргузор намуд.

Дар ин машварат мудири шӯъбаи кор бо занони Кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Мукаррама Неъматова баромад намуда, оид ба Барномаҳои давлатии «Тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» маълумоти мукаммал дода, диди онҳоро дар бораи зан-роҳбар аз нигоҳи ҷавонон дар ҷомеаи имрӯза муайян намуд.