Тибқи дастуру супориши Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба амалӣ намудани Барномаи ҲХДТ, дастгириии оилаҳои ниёзманд дар асоси аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб» кормандони Кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд, вакилони халқ ва аъзоёни Кумиҷроия ба якчанд нафар хонандагони оилаҳои ниёзманд лавозимотҳои хониш дастрас намуданд. Зимни вохӯриҳо намояндагони ҲХДТ табрикоти роҳбарияти ҳизбро бахшида ба фаро расидани соли хониши нав ба хонандагон расониданд. Оилаҳои дастгириёфта нисбати ин ғамхорӣ миннатдории худашонро ба роҳбарияти ҲХДТ расониданд.