Субҳи рузи 9-уми май дар назди Муҷассамаи ёдбуди шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд, бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Муҳаммадзода Маъруф Тўхтабой, собиқадорони ҷангу меҳнат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо     72-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил гардид.

Бо мақсади гиромидошти хотираи шаҳидони ин ҷанг ба мавзеи таҷлили иди Ғалаба Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва аҳли кормандони кумиҷроия ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбар гузошта бо лаҳзаи хомӯшӣ хотираи қурбониёнро пос доштанд.