20 октябр дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд маҷлиси Раёсати Кумиҷроияи шаҳрӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор гирифтанд:

  1. Ҷамъбасти фаъолияти кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар нӯҳ моҳи соли 2017 оид ба иҷроиши қарорҳои Анҷумани XII ва конференсияи XII-уми КИВ ҲХДТ
  2. Таъсиси комиссия оид ба тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
  3. Ҳисоботи комиссияи доимоамалкунанда дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои занон
  4. Қабул ба сафи аъзогии ҲХДТ
  5. Дида баромадани қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба иваз намудани шаҳодатномаҳои ҳизбии бо сабабҳои гуногун аз эътибор соқитгашта

Дар маҷлиси Раёсат ҳамаи аъзоёни он ширкат доштанд ва масъалаҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи ташвиқу тарғиб дар давраи семоҳаи сеюми соли равон  195 нафар аъзо ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дохил гардиданд ва қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба қабули аъзо аз ҷониби аъзоёни Раёсат тасдиқ карда шуд.

Айни замон дар шаҳри Хуҷанд 16010 нафар аъзои ҲХДТ ва 217 адад ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолият мебаранд.