Санаи 18 май дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд рӯзи ахбори сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он ахборотчиён дар мавзӯи «Дар ҷавонӣ саъй кун…» баромад намуданд. Дар толори маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо иштироки муовини сардори Раёсат ва кормандони Раёсат рӯзи ахбори сиёсӣ дар мавзӯи «Дар ҷавонӣ саъй кун» баргузор гардид. Дар маҷлис сармутахассис оид ба сиёсати экологӣ баромад намуда, зикр кард, ки ҷавонон дар ҳама давру замон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоят 50 фоизи кормандонро ҷавонон ташкил дода, сол аз сол ҷалби мутахассисони ҷавони лаёқатманд ба пешбарии онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда афзуда истодааст, ки ҳамаи ин иқдомот ҳамчун далели ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Хукумати мамлакат арзёбӣ мегарданд. Зеро ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд, ки пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд ва ҳамчун посдорони мероси аҷдодӣ ба наслҳои оянда хизмат намоянд. Дар баробари ин, солҳои охир ҷиҳати самаранок гузаронидани вақти ҷавонон, аз ҷумла ба варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим таваҷҷӯҳи махсус дода шуда, дар ин самт аз усулҳои муосиру пешқадам истифода карда мешавад. Дар рафти маҷлис мутахассисони ҷавони Раёсат ҷиҳати пуштибонии ҳамаҷонибаи онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, арҷгузорӣ ба сулҳу субботи кишвар, иштироки фаъолонаи онҳо дар Райъпурсии умумихалқӣ изҳори ақида намуданд.
Шарҳ додан
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 10124
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 9962
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 8089
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 7886
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 7255
-
Хуҷанд: КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА ҚУТБНАМОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ2023-11-03 1118
-
Хуҷанд: АРҶГУЗОРӢ БА ХИЗМАТИ ШОЁНИ СОБИҚАДОРИ ҲХДТ2023-11-01 1153
-
Қонуни асосӣ- аҳамият ва зарурати такмили он2016-04-21 1423
-
Ҷавонон – нерӯи созанда ва бунёдкор2019-05-16 1085
-
САЛОМАТИИ ХУДРО АЗ БЕМОРИИ КОВИД-19 НИГОҲ МЕДОРЕМ!2022-02-14 474
Меҳмонон