Бахшида ба 23-солагии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Ваҳдат – асоси зиндагии босаодат”доир гардид. Дар кори конференсия олимону аъзоёни фаъоли ҲХДТ ширкат варзиданд.

Конференсияро раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ҳусни ифтитоҳ бахшид. Номбурда зимни баромадаш таъкид дошт, ки санаи 27-июни соли 1997, ки дар баъзе аз минтақаҳои кишварамон ҳанӯз нобасомониҳо идома дошт, бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо шудани чунин Созишнома дар таърихи навини давлатдории Ватани азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Аксарият, махсусан насли калонсол хуб дар хотир доранд, ки дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ кишварамон ба чӣ рӯйдодҳои мудҳиш рӯ ба рӯ гашта, муттаассифона талафоти зиёде ҳам дод.

Хушбахтона, хиради азалии миллати мо, таҳти роҳбарии меъмори сулҳи тоҷикон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боло гирифту дар сартосари Ватан сулҳи бебозгашт омад.

Номзади илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Зеварой Бобоева  зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Ваҳдат – асоси зиндагии босаодат» қайд кард, ки маҳз такя намудан ба хиради азалӣ, даъват аз ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбати бетараф набудан ба воқеаҳои даҳшатбори солҳои навадум, овардани гурезагон ба макони муқимии худ, такя намудан ба арзишҳои дини мубини ислом ва ҳимояи он дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун дини покиву ахлоқӣ на терроистиву ифротгароӣ, нигоҳи баробар ба миллату халқиятҳое, ки дар кишварамон умр ба сар мебаранд, ба ҷанги бемаънӣ хотима гузошт.

Номзади илмҳои филологӣ, директори китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ Баҳром Мирсаидов зимни маърӯзаи худ дар мавзӯи «Ваҳдат омили асосиии рушду нумӯи Тоҷикистон» таъкид дошт, ки ҷанге, ки дар аввали соҳибистиқлолии кишвар рух дод, ҷанги таҳмилӣ ва дар қиёс ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ он хунрезиҳову нобасомониҳо мудҳиштар буд, зеро дар баробари хисроти моливу иқтисодӣ ҷони ҳазорон - ҳазор шаҳрвандонро ҷанги бародаркуш рабуд. Вале ба бахти ин миллати саодатманд тарафҳо ба ҳам омаданд ва таҳти роҳнамои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи комил ба даст омад ва натиҷаи ин гуфтушуниди муфид, ки дар шаҳрҳои Маскав, Теҳрон, Бишкек ва кишвари Афғонистон самар овард.

Наим Маликисломӣ дар интиҳои чорабинӣ афзуд, ки   агар ҳамин сулҳ барпо намешуд, кӣ медонист, ки имрӯз мамлакати мо дар кадом муҳит қарор мегирифт. Аз ин рӯ, ҳар чи қадар мо аз рӯзи барқарорсозии сулҳ дур гардем, ҳамон қадар ба қадри сулҳу осоиштагӣ мерасем.

Дар интиҳои чорабинӣ ба як қатор фаъолони ҳизб, ки дар раванди ташвиқу тарғиби ҳаёти солим дар мубориза бо бемории коронавирус саҳм гузоштанд бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд.