Барои мардуми шарифи тоҷик ва номи Ваҳдат басо муқаддасу азиз мебошад. Мардуми шарафманди мо қадру манзалати сулҳу ҳамбастагӣ ва ваҳдату амнияти миллиро беҳтар аз дигарон медонанд. Зеро барои расидан ва соҳиб шудан ба ин неъматҳо ранҷу азоб ва мушкилоти зиёдеро таҳаммул намудаанд. Аз дасти хиёнаткорони дохилӣ ва «дӯстон” -и папсипардагӣ басе ҷабру ҷафоҳои зиёд кашида, фарзандони диловарашро қурбон кардаанд. Хонаву кошонаашро сӯхта, солҳо дар ғурбату мусофират умр ба сар бурдаанд. Ҳамаамон медонем, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чӣ қадар айёми пурфоҷиаву даҳшатбори таърихӣ барои миллатамон буд. Ёди он рӯзҳои наҳсе, ки дар кишварамон бародар бародарро мекушт, писар душмани ҷони падар шуд, то ҳол руҳияи шоҳидони ин ҷанги бемаъниро хира мегардонад. Халқи тоҷик ҳазорон бор шукргузор аст, ки ба сари миллат марди накӯном, ҷасур, ватанхоҳ, дӯстдори обу хоки Ватан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибӣ намуданд.

         Имрӯз ҳама дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ умр басар мебарем. Тоҷикистонамон ба мамлакати сулҳовар мубаддал шудааст. Ваҳдат ва оромии ба дастомада муҳимтарин омили субот, рушду тараққӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон гардидааст. Мардуми кишвар бо шукргузорӣ аз неъмати Истиқлол ва Ваҳдати сартосарӣ ба меҳнати созанда машғул гардида, аз пайи ободу зебо намудани кишвари худ камари ҳимматро мустаҳкам бастаанд. Ҳама дарк намудаанд, ки танҳо бо Ваҳдату иттифоқ, ба саодату иқбол даст меёбанд.

Маҳз бо шарофатии сулҳу ваҳдат, ки ҳосили хиради азалии миллати тоҷик буда, асосан бо туфайли саъю кӯшиш ва ҷонбозиҳои Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба дастовардҳои азими сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавӣ ноил гашт. Дар мамлакатамон раванди бомаром ва пайгиронаи бунёдкорию созандагӣ вусъати тоза касб намуд. Тоҷикистон дар радифи дигар мамлакатҳои ҷаҳон соҳиби обрӯю эътибори хоса гардид.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи хирад ва таҷрибаи андӯхтаи Пешвои муаззами миллат аст, ки дар ростои 26 соли арзи вуҷудаш имрӯз ба як ниҳоди пурқувват табдил гардида, ҳадафаш талқини дастовардҳои навини истиқлол, ҳифзу гиромидошти ваҳдати миллӣ ва дар тинати шаҳрвандон бедор намудани эҳсоси миллӣ мебошад. Ҳамзамон рисолати ҲХДТ дар иртибот ба фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёра ва минтақа афзудани тамоюлҳо ва хатарҳои терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар минтақа аз он иборат аст, ки баҳри таҳкими истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти миллӣ, ваҳдати миллӣ, ягонагии халқи Тоҷикистон ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамеша талош намояд.

Дар ин росто Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мекӯшад бо амалҳои шоиста,  дастру ҳидоятҳои роҳбарияти олӣ ва вилоятии ҳизб, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷандро дар сатҳи баланд иҷро намояд. Баргузории мувафаққонаи интихобот, мубориза баҳри солимии ҷомеа ҷиҳати коҳишёбии пандемияи Ковид -19, баргузории аксияҳои гуногун ҷиҳати рушд бахшидани тафаккури маънавии ҷомеа ва мунтазам бо халқ вохӯрӣ доир намудан, имрӯз нақш ва мақоми ҳизбро дар ҷомеа боло бардошт.

 Сулҳи деринтизор ва поянда барои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар заминаи мустаҳакам гузошт. Татбиқи се ҳалафи статегӣ ва эълон шудани ҳадафи чоруми миллӣ – Саноатикунонии босуръати мамлакат метавонад дар даҳсолаи оянда кишвари моро ба яке аз давлатҳои мутараққӣ оварда расонад.  Маврид ба зикр аст, ки дар доираи рушди саноату иқтисоди миллӣ ва махсусан инкишофи соҳибкорӣ дар ҷумҳуриамон садҳо корхонаҳои муштараку коргоҳҳо ва сеху фабрикаҳои истеҳсолӣ, марказҳои замонавии хизматрасонӣ, ҷамъиятҳои саҳомию дорои масъулияташон маҳдуд ва ташкилотҳои амонатию қарзии хурд фаъолияти худро ба роҳ монданд. Симои шаҳру ноҳияҳо ба куллӣ дигаргун шуд. Ваҳдати миллӣ барои мардуми мо мояи саодату калиди фатҳу пирӯзӣ ва муҳимтарин омили таҳкиму иқтидори Истиқлолияти давлатӣ гардид. Вақте, ки мо саҳифаҳои заррини таърихи Тоҷикистони муосирро пас аз ноил шудан ба сулҳу Ваҳдат варақгардон менамоем, қалбу вуҷудамон аз шодию фараҳ лабрез мешавад.   Мебинем, ки ин ду неъмати бебаҳо чӣ қадар барои миллати куҳанбунёди мо азиз аст. Ба ин маънӣ ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар яке аз баромадҳояшон дар рӯзи таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ фармудаанд: «Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақлирсоз дорад».

 Оре, дар ҳаёту рӯзгори мардуми тоҷик ва айёми давлатсозии муосири демократию ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон нақши сулҳу Ваҳдати миллӣ воқеан тақдирсоз мебошад. Аз ин ҷост, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон дар радифи Эъломияи Истиқлолият ва Конститутсияи кишварамон яке аз ҳуҷҷатҳои сарнавишсозу зиндагиофарин ва номаи иқболу саодати миллатамон мебошад.

Пас аз гузашти 23 сол мо бештару беҳтар ба арзиши ин санади бузург баҳои воқеӣ медиҳем. Ҷомеаи кишварро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ саъю талош намояд. Барои расидан ба ин ҳадаф лозим аст, ки бо роҳу усулҳои замонавӣ дар ниҳоди ҳар як наврасу ҷавон эҳсоси ватандӯстию ҳимоят аз Ваҳдати миллӣ ва арзишҳои аслии фарҳангию маънавии халқро парвариш диҳем. Ҷиҳати тақвият бахшидани худогоҳию худшиносии миллии наврасону ҷавонон камари ҳимматро маҳкам бандем. Кӯшиш намоем, ки Ваҳдати миллии мо ҳамеша ваҳдати дилҳо бошад. Чунки ваҳдати дилҳо Ваҳдати миллиро мустаҳкам рахнанопазир гардонида, барои ҳалли мушкилиҳои имрӯзаи ҷомеаамон мусоидат намуда, ба мисли оби ҳаётбахш мазраи вуҷуди Ватану миллатро сарсабзу шукуфон мегардонад.

 

Эҳсон Исоев, мудири шуъбаи ташкилӣ ва таҳлилии дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд