Бахшида ба 71-солагии ғалабаи Ҷанги бузурги Ватанӣ дар асоси нақша-чорабинии шӯъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти мудири шӯъбаи кор бо занон Мукаррама Неъматова ва мудири шӯъбаи ташкилӣ Маҳмадсалим Ҳаитов бо донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд доир гардид. Дар баромади Мукаррама Неъматова қайд шуд, ки бо гузашти солҳо қаҳрамонию ҷонбозиҳои падарону бобоёни мо ҳамчун намунаи олии ватандориву масълиятпешагӣ боқӣ мемонад. Дар солҳои ҷанг дар қатори миллионҳо шаҳрвандони миллату халқиятҳо 300 ҳазор ҳамватанони мо ба ҷанг сафарбар шуда, аз ин шумор 260 ҳазор ба майдони набард даромада, дар натиҷаи ҷонбозиҳо 92 ҳазор қаҳрамонона ҳалок гардиданд. Маҳз далериву родмардии 54 нафар ҷанговарони шӯҳратманди диёр буд, ки ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардиданд. 21 нафар ҷанговарони тоҷик барои далериву шуҷоатмандӣ бо се ордени «Шараф» мушарраф гардиданд. Халқи бонангу номуси миллати тоҷик дар ақибгоҳ низ корнамоиҳои беназир нишон доданд. Дар солҳои ҷанг аз кишвари мо тариқи қатора беш 151 вагон молу маҳсулот ба ҷанг фиристода шуд, ки ин рақами андак нест. Ҷанги Бузурги Ватанӣ бори дигар ба оламиён исбот намуд, ки дар назди якдиливу тифоқӣ ҳамагуна қувваҳо ва нерӯҳои бадӣ ҳеҷ аст. Номбурда аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки Ватан дӯст бошанд, ба ҳар гуна қувваҳои ифротиву характери террористидошта шомил нашаванд, баръакс аз насиҳатҳои бобоёни худ чи тавр обод намудани меҳани азизамонро омӯзанд, он гоҳ фардои ин миллат дурахшон хоҳад буд. Миёни кормандони кумиҷроия ва донишҷӯён саволу ҷавоб атрофии Ватану ватандорӣ сурат гирифт.