Ҷомеаи ҷаҳониро хатари сироятёбии бемории  COVID -19  ба ташвиш овфардааст. Мутаассифона, ин вабои аср дар кишвари мо низ ба қайд гирифта шуд, ки барои рафъи он давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми воситаву имкониятҳо истифода бурда истодааст.

Вобаста ба ҳар чи бештар муборизаи беамон бурдан ба ин беморӣ бо қарори Раиси вилояти  Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода 6, 5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шуда, алҳол дар ҳудуди вилоят корҳои дизенфексиякунонии тамоми муассисаву корхонаҳо, харидории таҷҳизоти тиббӣ, либосҳои махсус барои кормандони тиб ва ниқобҳои ҳимоятӣ бо маром идома доранд.

Дар ин рӯзҳои мушкил пизишкони вилоят аз худ ғайрату матонат ва касбияти баландро нишон дода, шабонарӯзӣ дар хизмати беморон қарор доранд.

         Дар доираи иқдому ташаббусҳои созандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии COVID -19 бо роҳнамоии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва кумиҷроияҳои ибтидоии он ба ғайр аз тақдими либосҳои махсуси тиббӣ, маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои ҳимоятӣ ба беморхонаҳои ба карантин фаро гирифта шуда,  тасмим гирифтанд, ки ба 15 нафар пизишкони дар беморхонаҳо дар хизмати беморон қарор дошта, ба музди маошашон иловагӣ ба андозаи 600 сомонӣ кӯмак намоянд. Итминони комил дорам, ки ин ташаббус пайравони худро дар ҷомеа пайдо мекунанд.