Тибқи нақшаи кории шӯъбаҳои кор бо занону ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба рӯзи Аъмоён чораҷӯии адабӣ-фарҳангӣ дар Ҷамъияти аъмоён  таҳти унвони «Чашми дил-бино» баргузор гардид, ки дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ва дигар меҳмонон ширкат варзаданд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ин чорабинӣ ҳамаи иштирокчиёро ба муносибати иди «Асои сафед» табрику муборакбод намуд ва ба сарвари ҷамъияти нобиноён, аъзои фаъоли ҲХДТ Абдусаттор Ҷалилов Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва ба 5 нафар фаъолон тӯҳфаҳо тақдим намуд.

Аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагни Ватан» барномаи фарҳангӣ доир карда шуд, ки дар он ҳамаи нобиноёни ҷамъият болидахотирӣ намуданд.