Тибқи барқияи телефонии Кумитаи иҷрояи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти рақами 43 имрӯзҳо ва дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии кумиҷроия мулоқоту вохӯриҳо дар мавзӯҳои «Пешвои миллат кафили сулҳу суббот дар ҷомеа», Пешвои миллат- гарави осоиш ва шукуфоӣ», «Пешвои миллат – рамзи Сулҳу Ваҳдати миллӣ», «Пешвои миллат- омили ташаккулдиҳандаи ғояҳои миллӣ», «Пешвои миллат- ормони ҳазорсолаи миллати тоҷик», «Тоҷикистон, Пешвои миллат, ҷавонон» ва ғайра баргузор гардида истодааст. Чунин мулоқот бо бошандагони Кумитаи маҳаллаи «Раззоқ»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки сокинони маҳалла санаи 5-уми январи соли 2016 баргузор гардид, ки дар он аъзои гурӯҳи ташвиқотию таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, устоди ДДҲБСТ Самад Болтуев ширкат варзида, доир ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бараи «Асосгузори Сулҳу Ваҳдат- Пешвои миллат» суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар тули 24 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ки шояд дар назди таърих фосилаи зиёде намебошад, кишвари мо ба музаффариятҳои шоиста ва дастовардҳои беназири сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маърифатӣ ноил гардид. Ноил гаштан ба марҳилаи сулҳофаринӣ ва ваҳдати миллӣ пас аз ҷангҳои бародаркуш беҳтарин неъматест, ки барои миллати мо дар ин фосилаи кутоҳ ба ҳидоят ва раҳнамоиҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиб гардид. Беҳуда нест, ки роҳбари давлати моро имрўз дар арсаи сиёсати байналмилалӣ ҳамчун меъмори сулҳ ва ваҳдат ном мебаранд. Воқеан, сулҳе, ки миёни тоҷикон бо талошҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад, дастоварди беназирест, ки кишварҳои дигари олам солҳо чунин сулҳу субот ва оромишро интизорӣ мекашанд. Ҳамзамон сокинони маҳалла доир ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон баромадҳо намуданд ва зикр намуданд, ки ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Сарвари сулҳпарвару адолатпаноҳ мебошанд.