Оғози асри ХХI ба саршавии ҷанги иттилоотӣ ибтидо бахшид. Зеро айни замон ба давлатҳои абарқудрат бо силоҳи «маънавӣ» ҷангидан беҳтар аст. Онҳо қувва ва нерўи ақлонии хешро сарфа намуда, барои халалдор намудани оромии давлатҳои осоишта равона месозанд.

Мисоли гуфтаҳои боло он аст, ки рафторҳои хоинонаи Кабирӣ ба зидди Ватани худ ин беадолатӣ, номеҳрӣ ва хунсардии ўро нишон медиҳад. Аз дигар давлат истода, тинҷиву оромии кишварро халалдор карда истодааст. Он баромади онлайне, ки тариқи шабакаи интернетӣ Муҳиддин Кабирӣ кард, ба ягон чаҳорчўбаи қолаб рост намеояд. Зеро суханҳои бемантиқи ў танҳо мафкураи шахсони гумроҳ ва бесаводро дигар месозад.

Нест бод он хоини давлате, ки бар зидди бародарони худ теғи ситамро бардоштааст. Ифротгароён дин, давлат, миллат, забон ва Ватан надоранд. Ҳамеша ва дар ҳар куҷо бегона ҳастанд. Разил, душман, хоин гуфтан ҳам ҷоиз аст, зеро амали нопоки онҳо ба ин гапҳо арзандааст.

Давлати навҷавони моро чунин ифротиён, фосиқон ва разилон кўшиш карда истодаанд, ки аз байн баранд. Лекин мо Пешвои миллат дорем, сиёсати пурзўри зиддиифротӣ дорем, ки пешгирандаи ҳама гуна ҳаракатҳои характери экстремистиву террористӣ аст. Мо аҳли зиёӣ ҷомеа сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба пайгирӣ намуда, баҳри решакан ва несту нобуд кардани ифротиён камари ҳиммат бастаем. Нест бод Кабирӣ ва Паймони дуруғини ӯ!!!

 

Юсупов Д. – н.и.и., дотсент, мудири

кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ