Имрӯзҳо бо мақсади ба аҳли ҷомеа фаҳмонидани мазмуну моҳияти Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаҳо ва  ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои тарғиботӣ – ташвиқотиро роҳандозӣ намуда истодааст. 

Аз ҷумла, санаи 9 январ ҳамин гуна чорабинӣ дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо ҷалби устодону донишҷӯён доир гардид.

Дар чорабинии мазкур ба ҳайси намоянда аз Кумитаи иҷроияии вилоятии ҳизб раиси Шӯрои собиқадорони ҳизби шаҳри Хуҷанд Абдуҳаким Шарифов ва ба ҳайси намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд мудири бахши омор Ғуфронҷон Шарипов иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар назди донишкадаи мазкур кумиҷроияи ибтидоии «Муҳаммад Осимӣ» амал менамояд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини аввали директори донишкада Хуршед Мақсудов ҳусни оғоз бахшида, аъзои гурӯҳи ташвиқотӣ – тарғиботиро ба аҳли толор муаррифӣ намуд.

Дар идома Абдуҳаким Шарифов ва Ғуфрон Шарипов оид ба муҳимтарин нуктаҳои  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуданд ва онҳоро шарҳу эзоҳ доданд.

Зимни суханрониҳо таъкид шуд, ки дар Паёми навбатии Сарвқари давлат ҳамбурду бохти хоҷагии халқи мамлакат ва фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон соҳа ба соҳа таҳлилу баррасӣ гардид. Ҳамзамон самтҳои асосии фаъолият барои соли 2020 ва солҳои минбаъда ба таври мушаххас нишон дода шуданд. Аз ин нуқтаи назар метавон гуфт, ки ин ҳуҷҷати таърихӣ роҳнамои аҳли ҷомеа мебошад ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муттаҳидию сарҷамъии ҳамагонро тақозо менамояд.

Ҳамзамон маърӯзачиён вобаста ба маъракаи муҳими сиёсии дарпешистода  андешаҳои худро баён намуда, изҳори умед карданд, ки дар партави вазифагузориҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихобот дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ баргузор мешавад.

Чорабиниии ташвиқотию тарғиботиро Хуршед Мақсудов ҷамъбаст намуда, аз номи маъмурияти донишкада ба унвони ташкилкунандагон миннатдорӣ баён кард.