Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии “Алиҷон Давлатов” дар назди МТМУ №10 шаҳри Хуҷанд аъзои фаъоли гурӯҳи тарғиботӣ – ташвиқотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Абдумавлон Азимов ва мудири шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Заррина Раҳмон, мудири шуъбаи занони кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Маҳлиёхон Ишанова бо наврасону  ҷавонон  оиди масъалаҳои  даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии намудани  шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Абдумавлон Азимов зимни баромади хеш қайд кард, ки имрӯз барои хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳ  ҳамаи шароитҳо муҳайё буда, ҳар ҷавони ба ору номус дар назди Ватан – модар қарзи шаҳрвандии худро бояд иҷро кунад. Набояд аз хизмат саркашӣ кард, баръакс ҷасурӣ, далериву ҷавонмардонагӣ нишон дода, барои ҳифзи марзу буми кишвар ҳамеша омода бошед. Ҷавононе, ки  бо сари баланд хизматро адо кардаанд,  дар мақомотҳои давлатӣ ва дигар вазифаҳо бе ягон мамоният  кору фаъолият бурда метавонанд.

Ҳамчунин оиди шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна гурӯҳҳои ифротӣ Заррина Раҳмон ба наврасон таъкид кард, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода,  дар истифодабарии телефонҳои  мобилӣ эҳтиёт бошанд ва бисёртар вақти холигии худро барои донишандӯзӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ сарф кунанд,  дар озмунҳо фаълона иштирок кунанд, чунки маҳз  илму дониш инсонро ба қуллаҳои баланд мерасонад.

Мақсад аз гузаронидани чунин вохӯрӣҳо дар ҳисси наврасону  ҷавонон ҷой намудани меҳанпарастӣ ва бедор намуадни ҳуввияти миллӣ дар қалби онҳо мебошад.

Ҳамингуна вохӯриҳо дар  дигар ташкилотҳои ибтидоӣ идома дорад.