Мутобиқ ба барқияи Кумитаи иҷроияи шаҳри ҲХДТ бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мақоми ҳизб дар ҷомеа ва  ҳамзамон пешигрӣ аз бемории сипроятии COVID – 19  дар асоси вазифагузории Кумиҷроияи вилоятии ҳизб маҷлиси ташкилоти ибтидоии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Муасисаи давлати Иттиҳодияи хоҷагиҳои роҳи автомобилгарди  вилояти Суғд доир гардид.

Раиси ташкилоти ибтидоии коргоҳи мазкур Ҳоҷарой Латифӣ зимни баромади хеш оид ба саҳми ташкилоти ибтидоии муассисаи мазкур дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуда, афзуд, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ бо ҷалби ҳизбиён дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мумфаршкунии роҳҳо ба маблағи 4 миллиону 424 ҳазору 300 сомонӣ ба анҷом расида, ҳамчунин сотмони истгоҳҳо, соҳилмустаҳакамкунӣ вусъати тоза касб намудааст.  Дар ин амали хайр ҳамарӯза 700 нафар кормандон, ки аксаранро ҳизбиён ташкил медиҳанд, саҳми ногузир мегузоранд.

Дар идомаи худ маърӯзачӣ аз омодагӣ нисбат ба пешгирии бемори коронавирус, ки алҳол ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст, сухан ронда, зикр дошт, ки бо мақсади омодагӣ ба ин маърака корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ҳамаи коргоҳҳои шаҳру ноҳияҳо хуб ба роҳ монда шуда, барои эмин мондан аз сироятёбӣ 700 дона ниқоби тибби муҳофизаткунанда, 100 донаи маҳлули безарагардонӣ, 120 дона собунҳои моеъ, 60 килограмм маҳлули хлор ва 15 дона қуттии доруворӣ захира ва самаранок истифода бурда мешавад.

Таъкид шуд, ки ҳизбиён аз ҳар вақта дида дар ҷодаи ободкориву созандагӣ бештару беҳтар фаъолият бурда, барои бурдани тарзи ҳаёти солим миёни ҷомеа кӯшиш варзанд.

Маркази иттилоот ва таҳлили

КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд