Агар ниҳол бо об сабз гардад, инсон бо дуо гуфтаанд. Аз ин лиҳоз дуои хайри пирон барои ояндаи неки  мо ҷавонон лозим аст. Шахсоне, ки корҳои хайру савоб мекунанд ва дуои онҳоро мегиранд, ҳеҷ гоҳ рӯйи камиро намебинанд, ҳамеша сарболову некном мегарданд. Имрӯз дар ҷомеа шахсони саховатманд хеле зиёданд, ки ба оилаҳои ниёзманд, мӯҳтоҷу танҳо ва пиронсолон дасти ёрӣ расонида, аз дуои хайри онҳо бархурдор ҳастанд. Дили фитодаеро шод кардан ё ҳолпурсии инсонҳои куҳансол ин худ як кори савоб аст. Беҳуда бузургон нагуфтаанд:

Бе пир марав, ки дар амонӣ,

Ҳарчанд Сикандари замонӣ.

Бахшида дар арафаи пешвозгирии Иди Рамазон як гурӯҳ аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  бо ҳамроҳии мудири шуъбаи ҷавонон ва сармуҳаррири нашрияи “Шафақ” – и кумиҷроия ба аёдати як оилаи камбизоат, ки вокеъ дар кӯчаи Ҷӯра Зокирови шаҳри Хуҷанд модари 91 сола бо оилаи  писари маъюбаш зиндагӣ мекунад, бо маводи озуқа аёдат карданд. Волонтёрон барои тоза кардани ҳавлии онҳо кӯмак расонида, дуои модарро гирифтанд.

Модари рӯзгордида бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу ором ҳарф мезад ва баҳри пойдории сулҳи кишварамон ва шахсан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён дошт, ки онҳоро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузоранд ва ҳамеша дастгириву пуштибонӣ мекунанд.