Бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи Аҷам санаи савуми марти соли ҷорӣ дар Кумитаи иҷроияи ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Сомон» дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати  дар амал татбиқ намудани «Амал - 300 рӯзи ободонӣ» бо ҷалби васеи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шанбегии доманадор баргузор гардид.

Дар шанбегӣ аз ҷониби саҳмгузорони Амали мазкур кӯчаҳо аз партовҳо тоза карда шуда, зиёда аз 600 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шуданд.

«Дар партави Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифз ва ҳифозати табиати кишвар мардуми сарбаланди Тоҷикистон, хосатан, Раёсати ДДҲБСТ муташаккилона баҳри дар амал татбиқ намудани рушди экологӣ заҳмат мекашад.

Татбиқи амалии созандагиву ободкорӣ, сабзу хуррам гардонидани Ватани азиз рисолати шаҳрвандии мо буд ва хоҳад монд, - мегӯяд раиси КИИ «Сомон» Шарифзода Мӯмин Машокир. Ҳамзамон, сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлолро бо баҳори нозанин ва Рӯзи Модарон табрику таҳният намуда, хоҳони саломатӣ, хонаи обод ва рӯзгори шод мебошанд.»