Дар арафаи таҷлили ҷашни 72-умин солгарди Иди Ғалаба дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои ҷашнӣ, аёдати иштирокичёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар сатҳи баланд ҷараён дорад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд рўзи гузашта аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар Бозори «Афросиёб» иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кўчаи Ҷўра Зокир №114 Қориҷон Ахмедов аёдат карда шуда, ба ў маводҳои хўрока дастрас карда шуд.

Намояндагони ҲХДТ табрикоти роҳбарияти ҳизбро ба иштирокчии ҶБВ расонида, барои хизматҳои шоёнаш дар ғалабаи ҷанги хонумонсўз изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зикр гардид, ки воқеан ҳам хизмати ин мардони далер ва шуҷоъ дар ҷанги мудҳиши хонумонсӯзи солҳои 1941-1945 дар Ғалабаи халқи шӯравӣ аз болои фашизм арзанда мебошад.

Воқеан имрӯзҳо давлату ҳукумати кишвар баҳри дастгирии ин фарзандони шуҷоъи Ватан, иштирокчиёни ҶБВ ғамхорӣ ва дастгириҳои саривақтӣ мерасонад.