Наврўз таърихи беш аз шашњазорсола дорад, ки ин далели қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад. Наврўз ҷашни баробарии инсо-ният, оини дўстиву самимият, таҳаммулгароӣ ва аз дилҳо берун андохтани кинаву адоват буда, ҷашни зебоиву некӣ, суннатҳои он моҳиятан табииву мардумӣ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Бодо муборак гўямат, Наврўзи ман, Наврўзи ту,

Аз файзи он гул мекунад, имрўзи ман, имрўзи ту.

Наврўз, ки сароғозаш решапайванди ҳазорсолаҳост ва шукўҳу шаҳоматаш бо гузашти ин қадар айём коста намегардаду то ба рўзҳои мо пойдору устувор аст, барҳақ, ҳамчун ибтидои рўзи наву соли нав ҳукми баҳори зиндагиро дорост. Зеро, фурсати бедоршавии табиат маҳз ба фарорасии баҳор марбут аст ва аз он вуҷуди замини рўзирасон ҳарорат мегирад, марди деҳқон ба хоки нарм донаи умед мепошад, то зиндагии мардум фаровонӣ бинад. Ин ҷашн дар масири таърихи зиёда аз шашҳазорсола дар ҳаёти маънавию маърифатии мардуми мо нақши бузург бозидааст ва барои худшиносиву худогоҳӣ ва зебоипарастии ин миллати куҳанбунёд файзу баракат ато намудааст. Ниёгонамон дар баробари фурўзон нигоҳ доштани оташи муқаддаси зардуштӣ чунин ҳикматро офаридаанд: «Пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек!» Ин ҳикмати пурбаҳо дар Наврўз таҷаллии тозае меёбад, ҳар кас мехоҳад дар ин айём кору пайкори созандае анҷом бидиҳад. Мутобиқи ривоятҳое, ки миёни қавмҳои ориёӣ то ба имрўз боќӣ мондааст, замонҳои пешин ҳам мардуми мо дар айёми Наврўз корҳои созандагиро анҷом медоданд. Мо шукри онро мекунем, ки имрўз дар фазои сулҳу осоиш кору зиндагӣ дорем, бо дили шоду болида ва хотири ҷамъ тантанаҳо барпо менамоем. Ин аз роҳи пешгирифтаи давлату Ҳукумат ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ва меҳнати ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос дар ҳамаи соҳаҳо ба хотири фардои дурахшон ва шукуфоии кишвари азизамон нишони дастгирии ин роҳи интихобкарда ва ҳамин сиёсати ояндабинона аст. Ҷашни Наврўз ва ин оин мутаалиқ ба ҳеҷ дине ва мазҳабе нест, он соф оини мардумӣ буда, бо шукўҳу шаҳомати хосае қарнҳо боз дар фарҳанги мо ҷойгоҳу мақоми хешро дорад. Ҳамин боис гардид, ки Созмони Миллали Муттаҳид ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷлили сатҳи байналмилалии Наврўзро дастгирӣ кард ва бо қарори худ ин иди ниёгонамонро ҷаҳонӣ гардонид. Наврӯзи Аҷам - нишони олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳалаҳои душвори таърихиро тай намуда, аз ҷанги душманону бадхоҳон раҳоӣ ёфта то замони мо расидааст. Наврӯз - ин иди аҷдодоии гузаштагони мо мебошад, арҷгузорӣ ба ин ҷашни миллӣ эҳтиром ба расму русуми ниёгони азиз мебошад. Наврӯз - ин оғози рӯзи наву соли навин аст. Тоҷикони олам ҳуқуқ доранд, ки бо ин мероси фарҳангии аҷдодони худ фахр намоянд, чунки тӯли карнҳо ин миллати ватандӯст новобаста аз ҳама гуна офатҳою газандҳо, фишороварию ғасбнамоии душманони аҷнабӣ, ки пай дар пай бо хоку марзи ин ватан ҳуҷум мекарданд, боқӣ мондаaст. Чунин ҳасудон бо баҳонаҳои зиёде садди роҳи таҷлили ҷашни Наврӯз мешуданд ва ин чиз дар даврони шӯравӣ низ ба назар мерасид. Бо ин ҳама “дарду машаққатҳо” миллати куҳанбунёду тозаҷавони мо тавонист дубора Наврӯзро зинда гардонидаву ҳатто ба ҷаҳонӣ табдил созад. Наврӯзе, ки ободӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки дӯстӣ мехоҳад! Наврӯзе, ки сарсабзӣ меорад! Бояд гуфт, ки Наврӯзи Аҷам ба худ расму оинҳои гуногун дорад ва аз рӯзгори пешин то ин замон аксари онҳо то мо расидаанд. Пеш аз ҳама, кӯдакон дар саршавии фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай маросими гулгардониро ба ҷой меоранд. Гулгардонӣ ин маросиме аст, ки кӯдакон гулҳои наврустаи баҳориро хона ба хона бурда, мардумро ба омади баҳор ва Наврӯзи Аҷам табрик месозанд. Дар навбати худ, соҳибхонаҳо ба онҳо ширинӣ ва ҳадяҳо медиҳанд. Дар Наврӯз одамон ба ободкорҳо: тозаву озода гардонидани хонаву манзил, маҳалу деҳа ва шаҳр, ниҳолшинонӣ, сабз гардонии муҳит даст мезананд. Ҳамчунин аз ҳолу аҳволи беморон хабар мегиранд, дар гузашта агар нисбат ба якдигар ягон кинаю адоват дошта бошанд, аз ҳамдигар бахшоиш мепурсанд, дигар маросимҳои Наврӯзиро тантанавор таҷлил менамоянд. Ҳамаи ин суннатҳои наҷиби Наврӯзӣ аз ниёгони азиз то ба мо - насли имрўз омада расидаанд. Дар рўзҳои таҷлили Наврӯзи Аҷам як қатор мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида мешаванд: гўштингирию бандкашӣ, аспдавонию бузкашӣ, бозиҳои халқӣ, бандпараку алвончакбозӣ ва дигарҳо аз бозиҳое мебошанд, ки дар байни мардуми мо роиҷ гаштаанд. Ҳамзамон, дар арафаи Наврӯзи дилафрўз шахси калонсоли деҳа ё мӯйсафеди рӯзгордидае ба деҳқонон дуои нек дода, ба кишту кори баҳорӣ оғоз мебахшад. Аз зебоиҳои баҳору Наврӯзи Аҷам шоирон, нависандагон, олимон, овозхонҳо, рассомон ба илҳом омада, зебоиҳои онро дар шеъру офаридаҳои хеш тасвир менамоянд. Барҳақ, Наврўзи Аҷам эҳёгари дирўз, имрўз ва фардои миллати мост.

Хӯҷаева М.- муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Сомон”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд