Бо мақсади тақвият бахшидани рушди соҳаи ҳунармандӣ,  рӯ овардан ба асолати миллӣ, андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати эълон гардидани соли 2018  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сафоратхонаи Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар  назди кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маркази омӯзишию ҳунармандии бо номи ”Баҳор” таъсис ёфт. Дар расми ифтитоҳи он муовини Раиси ҲХДТ Бобоҷониён  Раъно Маҳмудзода,  раисони кумиҷроияҳои шаҳрӣ ва вилоятии ҳизб,  раиси шаҳри Хуҷанд ширкат варзиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ба Маркази таълимию ҳунарии “Баҳор” бо мадади сафоратхонаи Чин 12 адад мошинаҳои дардӯзӣ тақдим карда шуда, дар як вақт 24 нафар занони хонашину духтарон ба таълиму шуғл фаро гирифта шуда, сарварии марказро зани ҳунарманд, ғолиби чандин озмунҳо Каромат Ашӯрова бар дӯш доранд.

Дар марказ занону бонувон нозукиҳои касби дӯзандагиву тарроҳӣ, қуроқбофиро меомӯзанд. То имрӯз зиёда аз 200 нафар бонувон тавассути ин Марказ  соҳиби ҳунар гардиданд.