4 сентябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

 Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Суҳроб Самадзода, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Дар оғоз, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Суҳроб Самадзода суханронӣ намуда, меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ кард.

Баъдан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ  роҷеъ амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар,рушди соҳаи маориф, дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳифзи оромӣ ва осудагии кишвар ва хизмат ба халқу ватан, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ суханронӣ кард. 

Ҳамзамон номбурда перомуни такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ ибрози андеша кард.

Дар интиҳо чанде аз устодону донишҷӯёни донишгоҳ вобаста ба мавзӯъ фикру андешаҳои хешро баён намуданд.