Дар арафаи ин ё он ҷашнҳои миллӣ аёдати шахсони бемору барҷомонда, ятиму бепарастор аҷру савоби бештар дорад. Яке аз самтҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастгирӣ ва нигоҳи нек доштан ба ин қишри ҷомеа мебошад. Дар арафаи ҷашнгирии 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд аз ҳолу ахволи ниёзмандон пурсон гардида, табрикоти ҳизбиёнро расониданд ва  ба онҳо кӯмакҳои хайриявӣ намуданд.