Кормандони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Хуҷанд ва аъзоёни ТҶҶ “Соазндагони Ватан” дар маркази шаҳр миёни аҳолӣ вобаста ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID - 19)  вохӯрию суҳбатҳо гузарониданд.

Масъулин иброз намуданд, ки  риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ моро ва наздиконамонро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ медорад. Инчунин,  ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ тақсим карда шуд ва ба сокинон ҳушдор дода шуд, ки бо истифода аз маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ худро аз коронавирус муҳофизат намоянд.