Тибқи нақшаи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд якҷоя бо масъулини Маркази ташаккули тарзи хаети солим дар шахри Хучанд

 Санаи 17.07. 2021 дар мавзеъи назди Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ масъулин дар ярмарка корҳои фаҳмондадиҳи оиди пешгирии бемории сироятӣ каронавирус, тақсимоти муроҷиатномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  ва тақсимоти ниқобро ба роҳ монд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, қаннодӣ, орду равған баргузор гардида истодааст.

Дар ярмарка корхонаҳо ва кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят маҳсулоти гуногун, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, гӯшт, биринҷ, равған, меваҷот, полезиҳо, маҳсулоти шириву қаннодиро нисбати нархҳои бозор арзон пешниҳоди сокинон менамоянд.