Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба татбиқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб барои соли 2018 ҷиҳати риояи талаботҳои Оиннома ва Низомнома «Оид ба тартиби бақайдгирии узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» ва бо мақсади таҳким бахшидани фаъолияти кории ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, дуруст ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар масъалаҳои дохилиҳизбӣ санаи 7-уми декабри соли 2018 машғулияти омӯзиширо бо иштироки раисон ва масъулини ташкилотҳои ибтидоӣ баргузор намуд.

Тибқи барномаи семинар-машварат раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ бо сухани ифтитоҳӣ машваратро ҳусни оғоз бахшида, доир ба вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизб дар марҳилаи ҳозира ва минбаъда суханронӣ намуд. Ҳамчунин раиси кумиҷроия ҳамаи иштирокчиёни семинарро бо одобномаи корманди ҳизбӣ, ки аз ҷониби Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, шинос кард ва таъкид дошт, ки тибқи муқаррароти Одобнома кормандони ҳизб, аъзои фаъол ва роҳбарияти сохторҳои он уҳдадоранд бо Одобномаи корманди ҳизб шинос шуда, талаботи онро қатъиян риоя намоянд.

Сипас, масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ оид ба самтҳои асосии фаъолияти гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботӣ, коргузорӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизб, оид ба пардохти саривақтии аъзоҳаққӣ маърӯзаҳо намуданд.

Машғулияти омӯзишӣ бо саволу ҷавоб ба кори худ хотима бахшид.