Дар тарбияи дурусти фарзанд оила нақши муҳим мебозад. Агар ҳамагон дар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ диҳанд, онҳо солиму солеҳ ба воя расида, боғи падару модар мегарданд ва нафъашон ба падару модар ва Ватан бештар мерасад.

Ободӣ ва солимию маърифатнокии ҷомеа, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат ва бунёди зиндагии солим аз маърифати ҳар аъзои оила вобастагии қавӣ дорад. Агар оила ба фарзандон тарбияи дуруст дода, ҷомеаро қаноатманд намояд, албатта давлат ва ҷамъият ҳам ба мақсаду ҳадафҳои худ ноил мегардад. Ҳадафи оила пеш аз ҳама, тарбияи дуруст ва эҷоди рафтори мусбату созанда дар ниҳоди кӯдакон аст.

Мавқеи оила дар тарбияи фарзанд бисёр муҳим буда, муносибати ғамхоронаву меҳрубононаи волидон инкишофи фарзанд ва дунёи маънавии ӯро рушд медиҳад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ва арзиши муқаддас эътироф намуда, барои устувории пояҳои он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ чораҳои мушаххас андешида истода, ҷонибдори бартараф намудани ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ дар оила буда, ҷиҳати ташаккули муҳити солими оилавӣ, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон андешидани тадбирҳои судбахш мусоидат мекунад.

Бо назардошти амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки занони фаъол, аъзоёни Шӯрои кор бо занони кумиҷроия маҳфили “Рози бону” дар шакли мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳаёт ширин аст” баргузор намуд, ки дар он занон доир ба масъалаҳои нақши оила дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷиноятсодиркунии ҷавонон ва дигар мавзӯоти доғи рӯз ибрози андеша намуданд.