Дар остонаи баргузории интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба омодагии ҳаматарафа ба интихобот семинарии омӯзишӣ бо иштироки мушоҳидони миллии аз ҷониби кумиҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихобгардида доир гардид.

Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, баён дошт, ки шурӯъ аз нимаи дуюми моҳи июни соли равон корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тарғиби барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо дар байни ҷомеа роҳандозӣ гардида, дар давраи ташвиқотию тарғиботи барномаи номзад ба  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 аз Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума Муинзода пурра ба интихобкунандагон муаррифӣ гардид.

Ба мушоҳидони миллӣ ёдовар карда шуд, ки мутобиқ ба талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бояд як рӯз пеш аз интихобот тамоми воситаҳои таблиғотӣ аз пештоқи муассисаву корхонаҳо гирифта шавад. Ҳамчунин ба мушоҳидон дастур дода шуд, ки дар рӯзи интихобот бо назардошти риояи талабот барои роҳнамоии интихобкунандагон хизмати софдилона анҷом дода, фарҳанги муносибату муоширатро бо нозирони дигар ҳизбҳои сиёсӣ, нозирони байналмилалӣ ва интихобкунандагон риоя намоянд.