Бахшида ба 76-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ ва ҳафтаи «Поси хотир»  бо иқдоми  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҷалби кормандони кумиҷроия ва аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, имрўз дар қабристони «Гумбази қошуқ» шанбегӣ доир карда шуд.

Дар шанбегӣ беш аз 150 нафар  ҷавонони  фаъол ширкат варзида, атрофи қабристон ва дохили онро аз алафҳои бегона тоза карда, саҳни онро рўбучин намуданд.

Чунин иқдом минбаъд низ идома хоҳад кард.