Дар Кумитаи Иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд маъракаи «Обуна–2020» ба рӯзномаҳои ҳизбии «Минбари халқ», «Сухани халқ» ва «Шафақ» расман оғоз гардид.
Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Хуҷанд тасмим дорад бо назардошти маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода ва ҷашнҳои бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ ин маъракаро бо сатҳу сифати баланд ба роҳ монад. 
Дар робита ба ин, ҳайати эҷоди нашрияҳои ҳизбӣ низ кӯшиш доранд, рӯзномаҳоро бо саҳифаҳои рангин ва мазмуну мӯҳтавои баланд пешкаши хонанда гардонанд. 
Бояд таъкид кард, ки матбуоти ҳизбӣ дар баробари инъикоси фаъолият, ташвиқу тарғиби дастовардҳои истиқлолият ва ғояҳои созандаи ҳизб, муаррифии ҳизбиёни хизматнишондода, даъвату тарғиби ҷомеа ба худшиносиву худогоҳӣ ва бунёдкорию созандагӣ минбари баланди розу ниёзи аъзову ҷонибдорони ҳизбро мемонад. 
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар миқёси ҷумҳурӣ ҳафтаномаи «Минбари халқ», дар вилоят рӯзномаи «Сухани халқ» ва дар шаҳри Хуҷанд нашрияи «Шафақ» ин рисолати волоро ба ҷо меоранд. Онҳо мувофиқ ба дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи фазои иттилоотӣ аз таҳдидҳои беруна ва хабарҳои иғвобарангез, таъмини аҳли ҷомеа бо иттилооти саҳеҳу дуруст, баланд бардоштани сатҳи маърифати омма ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши муҳим доранд.