Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд силсилавохӯриҳои кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ва бахши кор бо ноболиғони Раёсати корҳои дохилаи вилоят бо хонандагон ҷиҳати тақвиятбахшии корҳои фаҳмондадиҳӣ бобати дур шудан аз амалҳои ношоиста идома дорад.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 чунин вохӯрӣ бо иштироки мудирони шуъбаҳои кор бо занон Заррина Манонова, шуъбаи кор бо ҷавонон Эҳсон Исоев ва шуъбаи назорат Исмоил Латипов доир карда шуд.
Дар баромади Исмоил Латипов зикр шуд, ки яке аз сабабҳои ташаннуҷ дар шарқи наздик холӣ мондани фазои сиёсӣ ва гумроҳии насли наврас ва ҷавонон мебошад. Маҳз гумроҳӣ сабаб мешавад, ки имрӯз шумораи зиёди ҷавонон ноогоҳона ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ шомил мешаванд. Ҳатто дар ин кор падару модар сарчашмаи бадбахтиҳо мегарданд. Зеро маҳз онҳо фарзандоҳояшонро барои омӯхтани таълимоти диннӣ ба хориҷа мефиристанд. Аммо мушоҳидаҳон нишон доданд, ки онҳо набалки олими соҳаи дин, балки чун террорист ва ифротгаро ба камол мерасанд. Ба ҷои ин волидон ва омӯзогонро мебояд, ки фарзандҳояшонро дар руҳияи баланди ифтихори миллӣ тарбият намуда, онҳоро талқин кунанд, ки аз илмҳои замонавӣ бархӯрдор намоянд.
Эҳсон Исоев бар баромадаш таъкид намуд, ки яке аз роҳҳои балданд бардоштани ҳуввияти миллӣ ин саҳмгузорӣ дар ободию пешрафти кишвари азизамон аст. Онҳое, ки имрӯз дар сафи ТҶҶ “Созандагони Ватан” кору фаъолият доранд, бо амалҳои некбинона ҳамсафони худро ба зиндагии ростин ҳидоят намуда истодаанд.
Заррина Манонова аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлат ва Ҳукумати кишвар бобати дастрасӣ ба барқ суханкарда, баён дошт, ки сарфаву сариштакорӣ, истифодаи мақсадноки нерӯи барқ ҳам ба буҷаи хона ва ҳам ба буҷаи кишвар манфиат меорад. Барои ин шаҳрвандонро мебояд, ки фарҳанги истифодабарии нерӯи барқро риоя наоянд.