Бахшида ба фарорасии иди байналмиллалии «Наврӯз» имрӯзҳо дар тамоми ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои идона баргузор гардида истодааст. Чунин як чорабинӣ дар факултаи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва андози Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов баргузор гардид, ки дар он раиси кумиҷроия устодону донишҷӯёнро ба муносибати фарорасии иди «Наврӯз» табрику муборакбод намуд ва дар вазъияти тантанавӣ ду нафар аъзоёни фаъоли ҳизбро бо сипосномаи Кумиҷроия сарфароз гардонид.