Дар озмун рассомони ҷавон аз мактаби рассомии бачагона, мактаби санъати №1 ва мактаби санъати №3-и шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.

 Дар озмун Набиева Фотима ҳамчун рассоми беҳтарин дониста шуд. Хамчунин барои намоиш додани ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ ва ҳунари расмкашии хонандагон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ғолибонро бо тӯҳфаҳои хотирави ва сипоснома сарфароз гардонид. Мақсади баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон аст.