Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир бо назардошти ду омили муҳим – хусусиятҳои таҷрибаи таърихии анъанаҳои сиёсии давлатдории миллӣ ва дар ҳаёт татбиқ шудани принсипи демократии афзалияти ҳуқуқи инсон пояҳои давлати демократии худро устувор мекунад. Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон ва дар заминаи он ба вуҷуд омадани Шўрои ҷамъиятӣ ба ҷаҳониён на фақат намунаи демократияи мусолиҳаро намоиш дод, балки намунаи ҷомеаи шаҳрвандиеро ба арсаи таърих овард, ки роҳу усулҳои ба даст овардани ормонҳои волои иҷтимоӣ дар он ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ва ҳам бо истифодаи васеи арзишҳои ахлоқиву маънави таъмин карда мешавад. Мутаассифона имрўз дар фазои сиёсии кишвар сару садоҳои ихтилофомезе садо медиҳанд, ки ҳадафашон халалдор сохтани оромии кишвар аст. Дар ҳолате, ки лидери исломи сиёсии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мехоҳад ҲНИТ-ро ҳамчун идеологияи қудратхоҳӣ ва сиёсӣ истифода кунад, имкон дорад хеле нафарони аз асли қазия ноогоҳро ба вартаи гумроҳӣ афкананд. Ҳайратовар аст, ки чунин ашхос бо таҳрики миссионерҳои хориҷӣ худ дар зери ниқоби дини ислом ва бо истифода аз хушбоварии мардуми боэътиқоди кишвар мехоҳанд барои бароварда гардонидани ҳадафҳои хеш амал намоянд. Инон эътироф кардан намехоҳанд, ки тараққиёти ҷомеаи мо бо роҳи демократӣ ба таври муттасил идома дорад, ки дар ин раванд байни гурўҳҳои гуногуни иҷтимоӣ мутобиқати манфиатҳо ба вуҷуд омада, қувваҳои умумимиллии муттаҳидкунанда ва марказшитоб нисбат ба қувваҳои худхоҳи минтақавӣ, этникӣ ва сиёсӣ афзалият пайдо кардаанд. Тоҷикистон дар баробари давлати миллӣ будан ба арзишҳои тамоми инсоният арҷ мегузорад, зеро асоси ҳуқуқии чунин пешрафтро, пеш аз ҳама, Конститутсияи Тоҷикистон гузоштааст, мафкураи ягон ҳизбу иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва динӣ ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад ва фаъолияти ҳама гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятие мамнўъ аст, ки хилофи арзишҳои башарӣ амал мекунанд.
Шарҳ додан
-
Сафи аъзоёни ХХДТ зиёд мешавад2014-09-22 4568
-
Танзими анъана ва чашну маросимхо2017-07-25 4444
-
Забони тоҷикӣ- забони шеър ва забони муҳаббат аст2016-10-10 3022
-
Боздид аз ташкилотҳои ибтидоӣ2014-09-11 2999
-
Вохӯрӣ дар МТМУ №122016-04-21 2178
-
РОҲНАМО БА ФАРДОИ НЕКУ БОСАОДАТ2021-01-26 0
-
РИСОЛАТИ ҲИЗБӢ – ТАЛҚИНИ ДАСТОВАРДҲОИ МИЛЛӢ2021-01-20 15
-
ФАЪОЛИЯТ ПУРСАМАР МЕГАРДАД АГАР ...2021-01-20 16
-
Мулоқоти вакили вилоятӣ бо интихобкунандагон2021-01-19 12
-
БАҲРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ МАРДУМ ТАЛОШ ВАРЗЕМ2017-08-16 625
-
АТЛАСУ АДРАС ЯК ҶУЗЪИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ2019-08-22 345
-
Пешгирии амалҳои номатлуб2018-03-14 622
-
Қадршиносии собиқадорони меҳнат2017-06-24 712
-
Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад2019-05-11 371
Меҳмонон