Ба ифтихори таҷлилии 25 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  бо ташабусси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аксияи аёдатӣ таҳти унвони “Бонувони ибратбахши ҳизб” ба роҳ монда шуд. Дар аксияи мазкур раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ва сармутахасси шӯъбаи кор бо занон кумиҷроияи вилоятӣ Азиза Мирзохуҷаева ҳафт нафар занони собиқадори шаҳри Хуҷандро аёдат намуданд.  

Зимни аёдат номаи  шодбошии Раиси Кумиҷроияи вилоятӣ  Сатториён Малубахон Амонзода ба  самъи бонувон расонида шуда, ба хизматҳои онҳо дар роҳи тадбиқи ҳадафҳои давлат ва ҳукумат, нуфузи ҳизб дар ҷомеъа арҷ гузошта шуд.

Ҳамин тавр аёдатшудагон  бо шукрона аз тинҷиву амонӣ минадории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадршиносӣ ва таваҷӯҳи хоса миннадори хешро баён доштанд.