Имрӯз маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он ҳисоботи раиси кумиҷроия Наим Маликисломов барои ҷамъбасти соли 2014 шунида шуд ва оид ба масъалаи мазкур қарори дахлдор қабул гардид. Инчунин аз ҷониби аъзоёни кумиҷроия нақшаи кории кумитаи иҷроия барои нимсолаи аввали соли 2015 тасдиқ карда шуд. Сипас, ситоди кумитаи иҷроияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд таъсис дода шуд ва аз тарафи аъзоёни ситод нақшаи кории ситод тасдиқ гардид. Инчунин аз ҳисоби аъзоёни фаъоли ҳизб гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботии пешазинтихоботӣ фаъол гардонида шуданд.