Бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд дар якҷоягӣ бо кормандони Маркази саломатии шаҳрии №1 дар ҳудуди маҳаллаҳои Қорираҳмат Қурбонов, Масҷиди Савр ва Чорчароғи шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.

Дар вақти гузаронидани вохӯриҳои хона ба хона маълум гардид, ки дар бинои №1-и маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов аз 124 оила 1 нафар бемор мебошад, ки баъд аз табобат дар беморхона ҳолаташ хуб аст. Дар кӯчаҳои М.Рустамов, Ғ.Тоҳирови кумитаи маҳаллаи Чорчароғ ва кӯчаҳои Э.Муҳидинов, С.Вализода, А.Султонови кумитаи маҳаллаи Масҷиди Савр ҳама сиҳат ва саломат мебошанд.

Дар доираи ин тадбир ҳизбиён маводҳои иттилоотиро, ки истифодаи онҳо дар пешгирии бемории сироятии болозикр мусоидаткунанда мебошад, ба сокинон дастрас карданд.