Санаи 5 июни соли 2015 дар «Маркази фарҳанг»-и шаҳри Хуҷанд семинар- машварат бо раисони ташкилотҳои ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Мақсад аз баргузории семинар-машварат ин бори дигар фаҳмонидани масъулини ташкилотҳои ибтидоӣ оид ба дуруст ба роҳ мондани фаъолияти кории ташкилот ва саривақт иҷро нумудани дастуру супоришоти роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Дар семинар-машварат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломов ҳамаи раисони ташкилотҳои ибтидоиро вазифадор намуд, ки ҳар семоҳа фаъолияти кории худро ҷамъбаст намуда, ба кумиҷроия гузориш пешниҳод намоянд. Инчунин ҳуҷҷатгузориро дар ташкилоти ибтидоӣ дуруст ба роҳ монанд ва ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Дар баромади Раиси кумиҷроия аз ҷумла таъкид шуд, ки фаъолияти мо аз интихобот то интихобот сарсарӣ набошад. Бояд низоми ҳуҷҷатгузорӣ қабули аъзоёни донишманд, ҳушёр ва дорои дониши сиёсии баланд вусъат диҳем. Бо аҳолӣ вохўриҳоро бештар намуда, сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дурустӣ фаҳмонем. Аз рўйдодҳои охирини сиёсӣ дар ҷаҳони Араб онҳоро огоҳ намуда, оқибатҳои нангини шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниро фаҳмонем. Дар вазъияти тантанавӣ ба Тоҳиров Сайфулло, ки пештар барои дохил шудан ба сафи ҲХДТ бо ариза муроҷиат карда буд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.