Дар сар то сари кишвар ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза ба бемории сироятии коронавирус корҳои муассиру шоиста анҷом дода мешавад. Дар ҳошияи таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар асоси вазифагузориҳои Ситоди вилоятии пешгирӣ аз бемории коронавирус Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба иқдоми наҷибе даст зада, дар ҳамкорӣ бо кумиҷроияи ибтидои ба номи Бобоҷон Ғафуров 5 ҳазор варақаи тавсиявиро дар ҳудуди маҳаллаҳои Темурмиалик, Тиллокон ва Мевагул ба аҳолӣ тақсим карданд. Муҳтавиёти тавсиянома аз чӣ тавр рафтор кардан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, риоияи гигиенаи шахсӣ иборат буда, сокинонро ба тарзи ҳаёти солим раҳнамун мекунад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз 10 нафар беморони гирифтори илтиҳоби шуш аз Беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд мураххас шуда, худро солиму бардам ҳис намуда истодаанд.

Дар миқёси шаҳр дар 59 учасӣткаҳо чораҳои пешгирӣ аз бемории коронавирус фаъолияти бомаром дошта, мардумро зиндагии орому осуда даъват карда истодаанд.