Шурўъ аз соли 2009, санаи  5 октябр чун Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид гардида, ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимиллӣ дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад.

         Ба ифтихори ин санаи фархундаи миллат рўзи 5 октябри соли 2017 дар Гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо ҷалби васеи омӯзгорону хонандагон чорабинӣ таҳти унвони «Забони миллат-ҳастии миллат» ҷараён гирифт, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар ширкат варзид.

         Чорабинии мазкур бо суханронии ифтитоҳии директори Гимназияи №4 Зулфия Ашӯрова ҳусни оғоз ёфт. Тавре зикр гашт, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат бобати ташаккули забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ба марҳилаҳои аълои такомул расидани ин забони машҳури оламро метавон аз ҳаёту фаъолияти бузургони илму адаб ва осори мондагори бо ин забон таълифгардида қиёс намуд.

         Дар суханронии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар аз саҳми босазои муаллимон ҷиҳати таваҷҷўҳи пайваста ба рушди забони давлатӣ, ҳамзамон хидматҳои рўзафзуни омўзгорон  бобати таълиму тарбияи мутахассисони ояндасози меҳан ёдоварӣ гашта, ба ифтихори Рўзи омўзгорон, ки таҷлили он бо ин чорабинӣ тавъам афтод,  ҳамаи омӯзгорони гимназияи мазкур табрику муборакбод карда шуданд.