Ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуну моҳияти баланд дошта, он дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Хушбахтона, мардум бо гузашти ҳар сол аҳамияти онро дарк намуда, шинохташ аз хидматҳою ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқтар мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истеъдоди фитрӣ, ҷасорату матонат, қобилияти сиёсии нотакрору барҷаста ҳанӯз аз замони сари қудрат омадан, яъне дар лаҳзаҳои душвортарини таърихӣ кафили сулҳ, якпорчагӣ ва ваҳдати ҳақиқии халқҳои Тоҷикистон гардида, дар самти тартибу низоми давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат, пешрафту шукуфоии кишвар, рушди бемайлони иқтисодиёт, беҳбудии рӯзгори мардум хидматҳои шоён намудаанд. Пешвои муаззами миллат яке аз сиёсатмадорони дурандешу хирадманд, ифодакунандаи талабот ва вазифаҳои давраи тақдирсози истиқлолияти миллӣ ба шумор мераванд.
Пешвои миллати мо соҳиби сифатҳои олии инсонианд: камолоти ҷисмонӣ, борикбинию дурандешӣ, зиракии табиӣ, ақл ва хотираи солиму мустаҳкам, бофаросат, хушбаён ва тозабаёни андешаҳо, маърифатнокӣ, муҳаббат ба ҳақиқат, нафрат ба дурӯғ ва дурӯғгӯён, қадри шарафу номус, нияти нек ва ҳимматбаландӣ, адолатнокӣ, дар зарурият бо қатъият рафтор намудан, дар ҳама ҳолат ҷасуриро аз даст надодан ва амсоли он.
Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии иқтисоди фалаҷгардида, беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум, паст намудани сатҳи камбизоатӣ басо бузург аст.
Аз сафарҳои кории Роҳбари давлат ба шаҳру навоҳии мамлакат аён мегардад, ки мардум бо меҳру муҳаббати самимӣ ва ояндаи хурраму умедбахш ба роҳбари нек-мақдаму дурандеш, адолатпешаю инсонгаро менигарад.
Соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд 4 маротиба сафари корӣ намуданд, ки дар доираи он даҳҳо иншооти ҳаётан муҳим ифтитоҳ ва садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри таъмини зиндагии шоиста ва дар доираи иҷрои нишондиҳандаҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» ва «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015» дар шаҳри Хуҷанд дар тӯли 7 соли охир «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд то соли 2015» ва «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2016-2020» қабул гардида, нишондиҳандаҳои ин ҳуҷҷати муҳим сол аз сол пурраю барзиёд таъмин гардида истодааст.
Барномаҳои қабулгардида таъмини сатҳи баланди некӯаҳволии аҳолиро тавассути таъмини рушди устувори иқтисодӣ ҳадафи асосӣ қарор дода, барои расидан ба ин мақсад татбиқи амалии ҳадафҳои асосӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ; раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ; таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар равона карда шудаанд.
Тибқи барномаҳои мазкур дар шаҳр тӯли 7 соли охир 620 адад иншооти истеҳсолӣ, маданию маишӣ ва коммуналӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ин миқдор иншоот 32 адад корхонаи истеҳсолӣ, 120 иншооти варзишӣ, 468 нуқтаи хизматрасонию савдо, биноҳои истиқоматӣ ва ғайра мебошад.
Баҳри дар амал татбиқ намудани имкониятҳои коммуникатсионӣ ва бехатарии роҳ дар ин давра зиёда аз 350 км роҳи шаҳр таъмиру тармим, аз ҷумла 170 км таъмири асосӣ ва 180 км таъмири ҷорӣ ба иҷро расонида шуд.
Дар раванди татбиқи “Барномаи давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2020” бо мақсади рушди сармоягузорӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, тӯли 7 соли охир 212,2 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки аз он 99,3 миллион доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ва 112,9 миллион доллари амрикоӣ ба сармояи дохилӣ рост меояд. Дар соли 2013 ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти шаҳр 8,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода бошад, соли 2019 ба 23,9 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки он нисбатан 2,7 маротиба афзоиш ёфтааст.
Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими сатҳи некӯаҳволии сокинон ин музди маоши миёнаи кормандон ба ҳисоб рафта, дар натиҷаи андешидани чораҳои муассир ҳаҷми он аз 875,71 сомонии соли 2013 то ба 1472,56 сомонӣ расидааст, ки он 1,7 маротиба афзоиш ёфтааст.
Ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ ҳамарӯза беҳтар кардани раванди ташаккули буҷет ва самаранок истифодабарии он тақвият меёбад, ки он ба ислоҳоти идоракунии моликияти давлат, шаффофият ва иҷрои қатъии қисми хароҷоти буҷет равона гашта, сол аз сол афзоиш ёфта, дар навбати худ барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ заминаи боэътимод мегузорад. Дар соли 2013 нақшаи қисми даромади умумии буҷети шаҳр 178,2 миллион сомониро ташкил дода, он соли 2020 ба 475 миллион сомонӣ расида, яъне 2,7 маротиба зиёд гардид.
Дар шаҳр ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум татбиқи се лоиҳаи инвеститсионӣ, ба монанди Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд”, “Оид ба беҳтар намудани вазъи оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд” ва “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд” идома дошта, дар натиҷа аз соли 2013 то имрӯз азхудкунии маблағҳо дар ин лоиҳаҳо 61,3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Баҳри расидан ба ҳадафҳои асосии стратегии кишварамон дар самти рушди соҳаи саноат дар шаҳр дар 7 соли охир чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа шумораи корхонаҳои калону миёнаи истеҳсолӣ аз 90 адади соли 2013 ба 168 адад расида, миқдори он нисбатан 1,9 маротиба зиёд шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 407,9 миллион сомонии соли 2013 ба 1291,8 миллион сомонии соли 2019 расида, 3,2 маротиба афзоиш ёфтааст ё ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ то имрӯз зиёда аз 6 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Дар соли 2013-ум 47 намуд маҳсулот истеҳсол мегардида бошад, дар соли 2020 теъдоди он ба 95 намуд расида, нисбатан 2 маротиба ё 48 намуд зиёд шудааст.
Дар доираи бунёдкорӣ ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода дода шуда, аз ҳамаи сарчашмаҳо соли 2013-ум 107,2 миллион сомониро ташкил дода, нисбатан то имрӯз 2 маротиба афзоиш ёфтааст.
Бояд қайд намуд, ки дар қитъаҳои замини барои сохтмони биноҳои баланд-ошёна ҷудо гардида аз 20,5 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматии бо истифода аз унсурҳои инноватсионӣ сохта ба истифода додашудаи соли 2013 то имрӯз ҳамагӣ 433 ҳазор метри мураббаъро ташкил дод, ки таъминот ба ҳар сари аҳолӣ аз 0,12 то 0,50 метри мураббаъ ё 4,2 маротиба зиёд шудааст.
Дар тӯли 7 соли охир дар маркази вилоят, шаҳри Хуҷанд 4 боғи фарҳангию фароғатӣ ба монанди “Боғи Камоли Хуҷандӣ”, “Наврӯзгоҳ”, “Ғалаба” ва “Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ”, инчунин маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”, Кохи фарҳанги “Суғдиён”, маҷмааи таърихии “Истиқлол”, “Маркази ҷавонон” ба номи Лоиқ Шералӣ, маҷмааи миллии “Маркази оши палов” ва толори кинонамоишдиҳии “Ваҳдат” сохта, азнавсозӣ карда шуданд.
Дар самти татбиқи самараноки “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” ва дигар барномаҳои қабулшудаи давлатӣ, бояд қайд намуд, ки дар тӯли 7 соли охир 31 адад муассисаҳои нави тандурустии давлатию хусусӣ таъсис дода шудааст.
Барои таҳкими базаи моддӣ-техникии соҳаи тандурустӣ аз 225 ҳазор сомонии соли 2013 то ба 3,3 миллион сомонии соли 2020 аз ҳисоби буҷети шаҳр маблағгузорӣ карда шудааст, ки он 15 маротиба зиёд шудааст.
Маҳз ғамхориву дастгириҳои Пешвои муаззами миллат имконият пеш овард, ки рушди ҳаматарафаи шаҳр роҳандозӣ гардида, симои он ба куллӣ тағйир дода шуд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин рӯзи одӣ нест, ин иди бузурги умумимиллӣ, тантанаи волоияти қонун ва маҳбубияти хосае мебошад, ки дар ин рӯз сипосгузорӣ намудан ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амри воҷиб аст.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Маъруф МУҲАММАДЗОДА
Раиси шаҳри Хуҷанд