Маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзоёни кумиҷроия доир гардид. 

Раиси кумитаи иҷроия Маликисломӣ Наим Мунаввар чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи кори ҷаласа-  даъвати Конференсияи XIХ ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, дар амал тадбиқ намудани барқияи КИМ ҲХДТ таҳти рақами 07 оид ба баргузории чорабиниҳо дар доираи Рӯзи «Созандагони Ватан», тасдиқи фармоиши раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд аз 7 апрели соли 2017 оид ба ситоди «Обуна -2018» ва нақшаи он ба рӯзномаҳои ҳизбӣ «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» шинос намуд.

Аз  ҷумла таъкид кард, ки дар асоси банди 4.13 Оинномаи ҲХДТ бо мақсади натиҷагирӣ аз фаъолияти дувунимсолаи фаъолияти кумиҷроия дар мувофиқа бо кумитаи иҷроияи вилоятӣ санаи 24 май  Конференсияи XIХ ҳисоботӣ-интихоботии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд  доир мегардад. Аз ин рӯ дар тамоми ташкилотҳои ибтидоӣ маҷлисҳои интихоботӣ гузаронида шуда, вакилон ба конференсия бояд пешбарӣ гарданд.

Аз рӯи масъалаи дуюми кори рӯзнома раиси кумиҷроия  зимни суханронӣ қайд кард, ки дар доираи эълон шудани соли 2017- Соли чавонон дар асоси дастуру вазифагузориҳои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ бояд бахши ташкилоти ҷамиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» силсилаи чорабиниҳоро доир намояд ва дар амалигашти тадбирҳо бояд кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбӣ ва ташкилотҳои ибтидоӣ бо баргузории чорабиниҳо саҳм гузоранд.

Вобаста ба муташаакилона гузаронидани маъракаи обуна ба нашрия хои  хизбии – «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» раиси кумиҷроия таъсиси ситоди обунаро бар фоидаи кор дониста, қайд намуд, ки аъзоён нгатанҳо бо обунашавӣ, балки бо навиштаҳои худ бо ин нашрияҳо робитаро зич намоянд.

Раиси кумиҷроия муҳимияти баргузории ин маъракаро ба ҳозирин фаҳмонида, гуфт, ки саҳми нашрияҳои ҳизбӣ дар таблиғу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлол ва ҳизб хеле калон аст ва имрӯз нашрияҳо маҳбуби ҳар як хонадон гардидааст.

Дар идомаи ҷаласа раиси кумиҷроия барои беҳдошти фаъолияти ташкилотҳои ибтидоӣ таклифу пешниҳодҳои судманд дод.

Нисбати масъалаҳои рӯзномаи кори ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.