Аз рӯйи нақша – чорабинии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳар моҳ хониши сиёсӣ дар мавзӯъҳои муҳими  мухталифи ҷомеаи имрӯза гузаронида мешавад. Ин дафъа дар мавзӯи “Тарбияи ҷавонон – сиёсати давлати соҳибихтиёр”мулоқот бо донишҷӯён дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар мулоқоти мазкур аъзои гурӯҳи таблтғотии кумиҷроияи шаҳр Абдумавлон Азимов, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Эҳсон Исоев, мудири бахши омор Бахтиёрзода Баҳодур ва ду нафар барқароркунандагони сохти конститутсионӣ Анвар Норматов ва Сироҷиддин Сайдуллоев иштирок ва баромад карданд.

Мақсад аз чунин мулоқот бо ҷавонон ин бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ дар қалби онҳо  ва саҳм гузоштан дар пешрафту ободии давлат ба ҳисоб рафта, ҷавононро ба меҳанпарастию меҳнатдӯстӣ ҳидоят намудан мебошад.